Дар Суғд ҷаласаи кории комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи вилоят баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 15.03.12017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд таҳти Раёсати Абдураҳмон Қодирӣ, Раиси вилояти Суғд ҷаласаи кории комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода баргузор гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар доданд.
Дар ҷаласа муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, аъзои комиссия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва кормандону масъулини ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилоят иштирок намуданд.
Абдураҳмон Қодирӣ иброз дошт, ки ин машварати корӣ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат баргузор гардида, ҳадаф омодагии ҳамаи соҳаҳо ба ҳолатҳои ғайричашмдошти табиӣ ва пешгирии зарари он мебошад.
Заробиддин Файзуллозода, муовини Раиси вилояти Суғд, раиси комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи ҳудуди вилояти Суғд таъкид дошт, ки «дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ҳангоми тартиби нақшаи генералӣ, сохтмони роҳҳо, иншооти иҷтимоию саноатӣ ва тақсимоти заминҳо ба аҳолӣ минтақаҳои хавфнок ба инобат гирифта нашудаанд, ки ин ислоҳро металабад. Фаъолияти бенизоми корхонаҳои коркарди қуму шағал маҷрои дарёҳоро халадор намуда, боиси сар задани ҳар гуна ҳолатҳои ғайричашмдошт мегардад. Инчунин бо мақсади сари вақт бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ аз ҳисоби сохторҳои гуногун 131 адад техникаҳо омода карда шудаанд».
Абдураҳмон Қодирӣ ба масъулини сохторҳои вилоятӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят доир ба омодагии ҳамаҷониба дар сурати сар задани ҳолатҳои фавқулода ва сари вақт бартараф намудани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






