Дар Суғд собиқадорони соҳаи матбуотро аёдат карданд

Март 11, 2017 13:27

ДУШАНБЕ, 11.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 105-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик як гурӯҳ масъулон бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода собиқадорони соҳаи матбуоти шаҳрро аёдат намуданд. Онҳо аввал ба аёдати собиқадори меҳнат Рӯзинисо Абдуваҳҳобоваи 75-сола, ки зиёда аз 40 соли умри худро сарфи кори матбуоти вилоят карда, дар идораи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» ба сифати ҳисобчии мактубҳо заҳмат кашидааст, омаданд.
Сипас ба аёдати «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», дорандаи Ҷоизаи ба номи А. Лоҳутӣ Файзуллохоҷа Атохоҷаев рафтанд. Мавсуф фаъолияти меҳнатиашро дар матбуот ҳанӯз солҳои 60-уми қарни гузашта оғоз карда, аз мусаҳҳеҳи рӯзномаи «Бо роҳи ленинӣ» (ҳоло ҳафтаномаи «Хуҷанд») то сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» ва котиби матбуоти Раиси вилояти Суғд расида, беш аз 45 соли ҳаёти худро ба соҳаи матбуот бахшидааст.
Гурӯҳи аёдаткунандагон барои дидорбинӣ ба хонаи собиқадори радио ва телевизиони ҷумҳурӣ, «Аълочии телевизион ва радио»-и собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Мирзоғанӣ Валиев рафтанд. Номбурда дар соҳаи матбуот 50 сол заҳмат кашида, аз нависандагони забардасти вилоят маҳсуб мешавад. Ин қаламкаши рӯзгордида имрӯзҳо ҳам дар тарбияи журналистони ҷавон саҳмгузор аст.
Дорандаи ордени «Дӯстӣ», Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадори матбуоти тоҷик Владимир Михайлович Тарасови 75-сола зимни суҳбат бо аёдаткунандагон аз рӯзгори сипарикардааш дар ҷодаи журналистика, замони фаъолияташ дар рӯзномаи вилоятии «Ленинабадская правда», ки дар ин даргоҳ аз мухбири қаторӣ то ба сармуҳаррирӣ расидааст, нақлҳои ҷолиб кард.
Собиқадорони меҳнат аз омадани аёдаткунандагон изҳори минатдорӣ намуда, ифтихор карданд, ки меҳнату заҳмати онҳо аз ҷониби давлату ҳукумат қадрдонӣ мешаванд.

Март 11, 2017 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад