Дар Тоҷикистон Кодекси тандурустӣ қабул гардид

Март 15, 2017 16:33

ДУШАНБЕ, 15.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бори нахуст дар таърихи кишвар Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд.
«Бо қабули Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун қонуни ягона ва мураттабгаштааст, 16 санади меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар бахши тандурустӣ беэътибор дониста мешаванд»,- гуфт зимни муаррифии лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон. Таъкид шуд, ки таҳияи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2013 бо пешниҳоди Президенти кишвар шурӯъ гардида буд.
Таъкид шуд, ки лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсия, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, асос ёфтаааст. Кодекси тандурустӣ муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи тандурустӣ бо мақсади татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ танзим менамояд. Лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 фасл, 29 боб ва 223 модда иборат мебошад.
Бобҳои 1- 28 дар лоиҳаи Кодекси мазкур баёнгардида бо мақсади мукаммалгардонии низоми қонунгузории кишвар истифода гардида, фарогирии муносибатҳо дар самти бахшҳои гуногуни тандурустӣ, назири «Тарбияи кадрҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳуқуқи ба фаъолияти тиббию фарматсевтӣ машғул шудан», «Фаъолияти хусусии тиббӣ», «Тибби оилавӣ», «Тибби халқӣ», «Солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивии аҳолӣ», «Таъмини модарону кӯдакон бо кумаки тиббию санитарӣ», «Ҳифзи солимии ҷамъиятӣ, «Таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ», «Маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» ва ғайраҳо мебошад.

Март 15, 2017 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад