Дар Тоҷикистон ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ҳимоя мешаванд

Март 15, 2017 15:35

ДУШАНБЕ, 15.03.2017./ АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ки ҳамасола 15 март таҷлил мегардад, ҳамоиш доир шуд.
Тавре ки аз Маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, директори марказ Диловар Пирназарзода зикр намуд, ки ҷиҳати танзими муносибатҳо байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон ҳангоми фурӯши мол, кор, иҷрои кору хизматрасонӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 майи соли 1997 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» қабул гардида, 9 декабри соли 2004 дар таҳрири нав мавриди амал қарор дода шуд. Қонуни мазкур ҳуқуқҳои истеъмолкунандагонро барои харидории мол, кор ва хизматрасониҳои дорои сифати номатлуб ва барои ҳаёту саломатии истемоълкунандагон бехатар, гирифтани маълумот оид ба мол, кору хизматрасониҳо ва истеҳсолкунандагону иҷрокунандагони он, ҳимояи давлатӣ ва ҷамъиятии манфиати онҳоро муқаррар ва тарзи татбиқи ин ҳуқуқҳоро муайян менамояд.
Марказ дар доираи ваколати хеш сиёсати давлатиро дар самти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Хатлон амалӣ намуда, мунтазам баҳри ҳимояи бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти бесифату хатарнок, баланд бардоштани сифати молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, алалхусус дар самти молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон чораҳои зарурӣ амалӣ менамояд.

Март 15, 2017 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад