Дар ҷумҳурӣ 13 корхонаи истеҳсоли семент фаъолият мекунанд

Март 31, 2017 14:43

ДУШАНБЕ, 31.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷумҳурӣ 13 корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори солонаи 4,7 миллион тонна фаъолият дошта, дар ду моҳи соли 2017 197,3 ҳазор тонна семент истеҳсол намуданд, ки назар ба ду моҳи соли гузашта 7,0 ҳазор тонна зиёд мебошад. Дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бо зиёд шудани истеҳсоли семент ҳаҷми воридоти он кам ва содироти он ба роҳ монда шуда, дар ин давра 60,2 ҳазор тонна ба ҷумҳуриҳои Афғонистон (53,8 ҳазор тонна), Ӯзбекистон (6,2 ҳазор тонна) ва Қирғизистон (160 тонна) содир гардидааст.
Содироти семент аз тарафи ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент», «Чунгтсай Моҳир семент-и ноҳияи Ёвон ва «Хуаксин Ғаюр Суғд семент»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амалӣ шудааст.
Соли 2017 бунёди корхонаҳои истеҳсоли семент дар шаҳри Конибодом аз ҷониби ҶДММ «Билол Суюлин семент» бо иқтидори 200,0 ҳазор тонна ва истеҳсоли халта дар ноҳияи Ёвон бо иқтидори 80,0 миллион дона бо таъсиси 170 ҷойи нави корӣ пешбинӣ шудааст.

Март 31, 2017 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад