Дар вилояти Хатлон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ вусъати тоза мегиранд

Март 3, 2017 17:10

ДУШАНБЕ, 03.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирии хавфи офатҳои табиӣ ва мустаҳкам намудани соҳилҳои осебпазири дарёи Панҷи ҳудуди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, бо кумаку дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаи давлатии Лоиҳаи идораи захираҳои оби водии Фарғона корҳои зиёди соҳилмустаҳкамкунӣ тавассути муассисаи сохтмонии ҶДММ «Зумруд» ба анҷом расонида шуданд.
Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар назар аст, ки то баланд шудани сатҳи оби ин дарё ва оғоз гардидани борону селҳои мавсимӣ, мебояд ба андозаи 2600 адад тахтасангҳои сементӣ омода гардонида шаванд. Аз ин ҳисоб 600 донаи он танҳо барои мустаҳкам намудани садди иншооти обгардон пешбинӣ шудааст. Бо ин мақсад ба майдони сохтмон дар ҳаҷми 200 тонна семент ва 13 тонна арматура ворид гардида, пешбинӣ шудааст, ки рӯзҳои наздик маҳсулоти мазкур ба тахтасангҳои босифати соҳилмустаҳкамкунӣ мубаддал гардонида мешаванд.
Алҳол шумораи иншооти обгардони мавзеъ 22 ададро ташкил карда, дар ҳамаи онҳо корҳои барқароркунию навсозӣ идома доранд.

Март 3, 2017 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад