Дар Япония иқтидори сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Март 4, 2017 12:42

ДУШАНБЕ, 04.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония 28 феврал семинар дар мавзӯи «Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар он намояндагони Ҷамъияти агентиҳои туристии Япония, ширкатҳои сайёҳӣ, мутахассисони соҳа ва роҳбаладони ширкатҳои сайёҳӣ иштирок доштанд.
Зимни суханронӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ ба таври муфассал дар бораи рушди босуръати соҳаи туризм дар кишвар маълумот дода, таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон шароити хуб барои қабули меҳмонони хориҷӣ дар солҳои охир ба вуҷуд оварда шудааст.
Сафири Тоҷикистон таъкид намуд, ки иқтидори сайёҳии Тоҷикистон бузург ва беназир аст, зеро кишвари таърихан яке аз марказҳои тамаддуни Шоҳроҳи Бузурги Абрешим буда, мероси бузурги фарҳангӣ ва таърихӣ, асолати таърихиву фарҳангӣ, гуногунии манзараҳои табиӣ ва олами набототу ҳайвонотро доро мебошад.
Махсусан дар барои меҳмоннавозӣ ва меҳмондӯстии самимии тоҷикон, субот ва амният дар тамоми қаламрави Тоҷикистон сухан гуфта шуд.
Дар рӯнамо оид ба ташаббуси ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ҷорӣ шудани низоми раводиди электронӣ низ таъкид карда шуд.
Наворҳои кӯтоҳи таблиғотии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон -табиати зебо, хусусиятҳои нотакрори табиӣ, намунаҳои нодири мероси таърихӣ ва ҷойҳои тамошобоби замонавии кишвар барои иштирокчиёни семинар намоиш дода шуданд.
Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Япония диди худро барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳаи туризм изҳор намуданд.

Март 4, 2017 12:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад