Дарёфт ва мусодираи беш аз 2 кило симоб
ДУШАНБЕ, 30.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Баъди гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини ноҳияи Айнӣ бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд дастгир гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, хангоми кӯшиши фурӯхтан аз гумонбаршуда 2 килою 177 грамм маводи моеъи симоб дарёфт ва мусодира карда шуд.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






