Дарёфти роҳҳои пешгирии бемории сил дар минтақаи Кӯлоб
ДУШАНБЕ, 16.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-таҳти ин мавзӯъ дар шаҳри Кӯлоб бо дастгирии Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳадафи мулоқот аз таҳлил ва натиҷагирӣ аз иҷрои нақшаи «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2015-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», натиҷаҳои мониторинг оид ба фаъолияти пешгирии бемории сил дар минтақаи Кӯлоб, натиҷаи таҳлили дарёфт ва табобати гирифторони бемории сил ва шакли мутобиқатгаштаи он дар минтақаи Кӯлоб иборат буд.
Дар вохӯрӣ намояндагони Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил, Лоиҳаи ХОУП дар Тоҷикистон, Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар минтақаи Кӯлоб ва дигар мутахасисони соҳа сухан гуфтанд.
Бояд зикр намуд, ки дар баробари иҷрои нақшаи амали барнома дар соли 2016, ҳамчунин нақшаҳо барои соли 2017 муайян гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






