Дастгирии ҷавонон дар роҳи созандагию бунёдкорӣ

Март 4, 2017 12:21

ДУШАНБЕ, 04.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба Соли ҷавонон пайваста вохӯриҳо гузаронида, дастгирии шахсони эҳтиёҷмандро ба зимма гирифтааст. Дар ин радиф ба донишҷӯёни фаъол аз оилаҳои камбизоат, эҳтиёҷманд ва ятиму маъюб ҳар моҳ идрорпулии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур дода мешавад. Дар ин бора аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд.

Чанде пеш вохӯрии роҳбарияти Кумита бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва коллеҷҳои санъат, техникӣ, туризм доир шуд.  Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода ҷавононро бо фарорасии Рӯзи Модар ва Наврӯзи ҳуҷастапай табрик гуфта, зикр намуд, ки эълон шудани Соли ҷавонон иқдоми воқеан ҳам саривақтӣ буда, он метавонад дар самти тарбияи шахсияти ҷавонон такони ҷиддӣ бахшид. Ҷавонони мо дар ин сол метавонанд худро ба ҷомеа хубтар муаррифӣ карда, нишон диҳанд, ки онҳо ҳамқадами замонанд. Президенти кишвар бештар ба ҷавонон такя карда, онҳоро созандагони Ватан, неруи созанда, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ном мебарад.

Март 4, 2017 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад