Дастрасии аҳолии маҳаллаи «Баҳористон»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба оби тозаи нӯшокӣ

Март 4, 2017 12:26

Б.Ғафуров, 04.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2017 дар вилояти Суғд мутобиқ ба иқдоми Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ «Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ» эълон гардидааст. Вобаста ба ин имрӯзҳо дар доираи барномаи вилоятӣ дар миқёси вилоят, аз ҷумла ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  якчанд лоиҳаҳои судманд иҷро шуда истодаанд.

Чуноне ба хабарнигори АМИТ «Ховар» масъулин аз бахши кор бо маҳаллаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур иттилоъ доданд, соли равон дар доираи қабули Барномаи вилоятии «Дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ» дар миқёси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баҳри боз ҳам беҳтар намудани таъминот бо оби тозаи нӯшокӣ дар як қатор маҳаллаву ҷамоатҳо якчанд чорабиниҳо ва лоиҳаҳо тарҳрезӣ гардида, алъон корҳо дар ин самт хуб ҷараён доранд.

Аз ҷумла, чанд муддат аст, ки дар маҳаллаи «Баҳористон»-и ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳия дар доираи иҷрои Барномаи вилоятӣ бо мақсади дастрасии аҳолии ин маҳалла ба оби тозаи нӯшокӣ бо дастгирии Макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия ва маблағгузории ҳукумати Британияи Кабир, Фонди Оғохон ва ҳамчунин бо иштироки сокинони ин маҳалла, ки беш аз 7 ҳазор аҳолӣ дорад, корҳои кашидани хатти оби нӯшокӣ ба тариқи ҳашар идома доранд. Дар назар аст, ки дар муҳлатҳои наздик аҳолии ин маҳалла  бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шаванд.

Март 4, 2017 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад