Даври дуюми «Ганҷҳои ҳунар»-Фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ имрӯз баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 27.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 27 март, дар Кохи фарҳанги шаҳри Турсунзода даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии мақомхонон таҳти унвони «Ганҷҳои ҳунар» баргузор мегардад.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар даври аввал шаш нафар сарояндагон ва 3 нафар навозандагон ба даври дуюм роҳхат гирифта, 3 нафар иштирокчиёни озмун таваҷҷуҳи тамошобинонро ба даст оварда, имкони санҷидани маҳорати худро дар даври дуюм пайдо намуданд.
«Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии мақомхонон таҳти унвони «Ганҷҳои ҳунар» бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ бо мақсади арҷ гузоштан ба мероси бойи аҷдодон, эҳё ва тарғибу ташвиқи суннатҳои қадимии ниёгон, ривоҷу равнақи санъати миллӣ ва анъанаҳои асили мақомсароӣ ва мақомнавозӣ, пайдо ва дастгирӣ кардани чеҳраҳои нав, истеъдодҳои нодир ва иҷрокунандагони ҷавон гузаронида мешавад»,- гуфт манбаъ.
Баргузории даври ҷамъбастии озмун пагоҳ, 28 марти соли 2017 дар Кохи фарҳанги шаҳри Турсунзода дар назар дошта шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






