Дилшод Расулзода ба ҷавонон: «Ҳамаи нозукиҳои пешаи интихобкардаатонро аз худ намоед»

Март 6, 2017 16:37

ДУШАНБЕ, 06.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дилшод Расулзода, Раиси шаҳри Исфара бо донишҷӯёни исфарагие, ки дар мактабҳои олию касбии шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, мулоқот кард.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара хабар доданд, мулоқоти мазкур дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон доир шуда, дар он беш аз 300 нафар донишҷӯён ва собиқадорони Исфара, ки муқими пойтахт ҳастанд, ширкат намуданд.
Дилшод Расулзода оид ба зарурати тарбияи кадрҳои ҷавони баландихтисос, оянда дар шаҳри Исфара бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани онҳо, дастгирии ҳамаҷониба ва диққати хоса додан ба ҷавонон чунин гуфт: «Ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои саноатии шаҳри Исфара ба кадрҳои баландпоя ниёз доранд, шуморо зарур аст, ки ҳамаи нозукиҳои пешаи интихобкардаатонро аз худ намоед. Зеро онҳо оянда пешбарандаи ҷомеа шумо мебошед».

Март 6, 2017 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд