Доир ба омодагӣ ба мавсими «Ҳаҷ-2017» дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат ҷаласаи корӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 03.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар ҳузури муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо иштироки аъзои комиссия оид ба омодагӣ ба мавсими «Ҳаҷ-2017» ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Муовини Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки мақсади асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаи ҳаҷи фарзии соли равон мебошад.
Бинобар ин, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор мегарданд, ки ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон имконияти молиявӣ, шароити зиндагии оилаи зоиринро санҷида вобаста ба адои ҳаҷ дар доираи талаботи дини мубини Ислом қарори дахлдор қабул кунанд, инчунин, риояи қатъии тартиби муқарраргардида дар мавриди синну соли зоирин ва фосилаи ҳаҷи такрории шаҳрвандонро таҳти назорат гиранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






