Доналд Трамп ваъда дод, ки дар арсаи байналмилалӣ дӯстони нав пайдо мекунад
ДУШАНБЕ, 01.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Президенти ИМА Доналд Трамп бар он назар аст, ки ИМА бояд дар арсаи байналмилалӣ дӯстони нав пайдо намуда, ҳамкориро бо кишварҳои гуногун дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба роҳ монад. Дар ин бора хабаргузории «Интерфакс» менависад.
«Амрико тасмим дорад дӯстони нав пайдо намуда, дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ шарики нав таъсис диҳад», — гуфт Трамп зимни суханронӣ дар назди намояндагони ду палатаи Конгресс.
«ИМА бояд бо иттифоқчиёнаш дар тамоми ҷаҳон ба хотири нест кардани ДОИШ (гурӯҳи террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон) ҳамкориро ба роҳ монад», — гуфта мешавад дар матни суханронии президенти ИМА Доналд Трамп дар назди намояндагони Конгресс.
«Тавре ки ваъда намудам, ба вазорати мудофиа супориш додам, ки нақшаи барҳам додан ва нест кардани ДИИШ — шабакаи ваҳшиёни идоранашавандаро, ки мусулмонон, насрониён, мардон, занон ва кӯдакони тамоми дину мазҳабҳоро ба қатл мерасонад, таҳия намоянд», — омадааст дар матни суханронии ӯ ва илова шудааст, ки: «Мо бо иттифоқчиёнамон, аз ҷумла бо дӯстон ва иттифоқчиёнамон дар ҷаҳони ислом, ба хотири сарнагун кардани ин адуи разили сайёра ҳамкорӣ хоҳем кард».








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






