Духтарони минтақаи Кӯлоб ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд
ДУШАНБЕ, 15.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, барои васеъ ба роҳ мондани ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қолинбофӣ, адрасбофӣ ва навъҳои бофандагиву дӯзандагӣ, рушди косибиву ҳунармандӣ ва маърифатнокии занону духтарони кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, бо дастгирии Кумита дар Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб дар доираи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018» курсҳои омӯзишии адрасбофӣ ташкил карда шудаанд.
Ташкили чунин курсҳо агар аз як ҷиҳат ба соҳибкасб гардидани ҷавондухтарон мусоидат кунад, аз ҷониби дигар баҳри эҳёи ҳунарҳои миллӣ дар саросари кишвар саҳми босазо мегузорад.
Ҳоло дар курсҳои адрасбофӣ 20 нафар ҷавондухтарон аз шаҳру деҳоти Кӯлоб ва минтақаҳои он ба омӯзишӣ касб фаро гирифта шудаанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






