Эҳёи бозиҳои миллӣ баҳри худшиносии наврасон
ДУШАНБЕ, 14.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Маркази таҳсилоти иловагии вилоят 12 марти соли равон дар варзишгоҳи «Хуррамшаҳр»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров озмуни вилоятии «Бозиҳои миллӣ» баргузор шуд.
Дар он хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд.
Муовини сардори Раёсати маориф ва илми вилоят Сайфулло Раҳматов зикр кард, ки мақсади озмун аз нав эҳё кардани бозиҳои миллии ниёгон, бедор кардани ҳисси хонандагон нисбат ба анъанаву бозиҳои миллӣ, ташвиқоту тарғиботи он байни мактабиён ва ботантана ҷашн гирифтани Наврўз мебошад.
Хонандагони боистеъдоди шаҳру навоҳии вилоят дар намудҳои бозии миллии бодбаракпарронӣ, лалакпарронӣ, чиллак, арғамчинбозӣ, лаппак ва ҳаппак чусту чолокии худро нишон доданд.
Ғолибон бо туҳфаҳои Раёсати маориф ва илми вилоят дар вилояти Суғд сарфароз гардиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






