Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Наврӯз ҳаёт бар марг, садо бар сукунат ва гармӣ бар сардӣ ғалаба мекунад»
ДУШАНБЕ, 21.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз дар Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ эҳё гардид, шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо кард ва ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллии мардуми тоҷик табдил ёфт. Ин нуктаро имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар шаҳри Турсунзода иброз доштанд.
Ба таъкиди Сарвари давлат, ҷашни Наврӯз таърихи бисёр дерина дошта, ойини бедориву хушҳолӣ барои инсоният мебошад. Маҳз бо ҳамин сабаб арзишҳои онро, ки ба нафъи ҷомеа мебошанд, худи ҷомеа, яъне халқ пос медорад.
«Дар айёми наврӯзӣ ҳаёт бар марг, садо бар сукунат ва гармӣ бар сардӣ ғалаба мекунад, ки ин ҳама боиси дилгармии инсон, пеш аз ҳама, марди деҳқон ба зиндагӣ мегардад. Фарҳанги ориёӣ дар тимсоли Наврӯз ба ҷаҳониён ҷашнеро бахшидааст, ки бар пояи меҳру садоқат, хираду заковат ва адлу адолат бунёд гардида, ақлу мантиқро бар ҷаҳлу зулмат пирӯз гардонидааст», — тазаккур доданд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






