Эмомалӣ Раҳмон: «Дар низоми хизмати давлатӣ дар Тоҷикистон 20 фоизро занон ташкил медиҳанд»
ДУШАНБЕ, 07.03.2017/АМИТ «Ховар»/. «Аз шумораи умумии беш аз 19 ҳазор нафар хизматчиёни давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4200 нафар ё 22 % -ро занон ташкил медиҳанд». Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 7 март зимни мулоқот бо фаъолзанони кишвар дар иртибот ба иди зебои баҳор- Рӯзи Модар зикр намуданд. Бо дахли мақоми зан-модари тоҷик дар рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки нақши занони бофарҳангу соҳибмаърифат дар ташвиқу тарғиби пойдории оила ва ҷомеаи солим, инчунин иштироки онҳо дар таҳия ва амалӣ сохтани барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ низ назаррас мебошад. Алҳол дар Тоҷикистон 70 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 60 фоизи кормандони соҳаи тандурустиро занон ташкил медиҳанд.
Ҳамзамон шумораи занони соҳибкор беш аз 138 ҳазор нафар буда, сарварии 20 ҳазору 500 хоҷагии деҳқониро занон ба уҳда доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки бо мақсади мусоидат ба рушди фаъолияти соҳибкории занон Қарори Ҳукумати мамлакат «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020» қабул шудааст. Дар ин асос дар давоми се сол тавассути сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ қариб ба 6000 нафар занон дар ҳаҷми 18 миллион сомонӣ ёрии молиявӣ пардохта шудааст, ки ин раванд бозгӯи дастгирию ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону бонувон дар самти беҳдошти вазъи иҷтимоӣ мебошад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






