Эмомалӣ Раҳмон: «Фаъолияти муассисаҳои фарҳангу фароғат ва фарогирии доираҳои гуногуни мардум ба чорабиниҳои фарҳангӣ ҳанӯз ҳам беҳбудӣ мехоҳад»
ДУШАНБЕ, 20.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат зикр карданд, ки ҳарчанд дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ доир ба беҳтар намудани вазъи фарҳанги миллӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон корҳои зиёд амалӣ намудем, вале сатҳу сифати фаъолияти муассисаҳои фарҳангу фароғатӣ ва фарогирии доираҳои гуногуни мардум ба чорабиниҳои фарҳангӣ ҳанӯз ҳам беҳбудӣ мехоҳад. Аз ин рӯ, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки доир ба ҳалли ин масъала тадбирҳои якҷояро амалӣ гардонанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз фаъолияти бахшҳои дигари фарҳанг, ки ба дастгирӣ ва дар айни замон ба фаъолияти ҳамоҳангшудаи ҳамаи сохторҳои дахлдор дар самти рушди минбаъдаи он ниёз дорад ва санъати театрӣ изҳори нигаронӣ намуданд.
Пешвои миллат дар ин маврид изҳор доштанд, ки санъати театрӣ метавонад таъриху тамаддун, арзишҳои миллӣ ва ҳаёти муосирони моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.Сабаби асосии рушд накардани соҳа набудани асарҳои драмавии мувофиқ ба завқи тамошобини имрӯза мебошад. Ҳарчанд ки дар панҷ соли охир дар театрҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ 172 асар ба саҳна гузошта шудааст, вале онҳо ҳанӯз талаботи тамошобинро қонеъ карда наметавонанд. Қисми зиёди ин намоишномаҳо такрори ҳамдигар буда, аз лиҳози мазмуну муҳтаво якрангу якмаром мебошанд. Баъзе намоишномаҳо асарҳои тарҷумавӣ буда, аз рӯзгори мардуми мо дуранд ва тамошобин онҳоро хуб қабул карда наметавонад.
Дар аксари саҳнаҳо мавзӯъҳои рӯз, воқеаву рӯйдодҳои даврони истиқлолият, ҳаёти мардуми тоҷик ва масъалаҳои маънавию ахлоқӣ кам мушоҳида мешаванд. Ба мисли дигар эҷодгоҳҳои бузург театр низ бояд ҷавобгӯи равандҳои мубрами ҳаёт бошад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки адибони моро зарур аст якҷо бо ходимони театр асарҳои саҳнавие офаранд, ки ҳаёти гузаштаву имрӯзаи халқи тоҷикро воқеъбинона ва рангин инъикос намуда, ҷаҳони маънавии тамошобинро ғанӣ гардонанд.
Дар баробари ин, ҷиҳати омода кардани ҳунарпешаҳо, коргардонҳо ва рассомони театр, аз ҷумла барои театри миллӣ, ки имрӯзҳо бунёди он идома дорад, инчунин, доир ба ташкили студияҳои хурд дар назди театрҳо тадбирҳои зарурӣ андещанд.
«Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки дар даврони ҷаҳонишавӣ зарурати гиромидошти фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули насли наврасе, ки вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи ояндаро ба уҳда мегирад, ба маротиб меафзояд», — таъкид намуданд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






