Эмомалӣ Раҳмон: «Хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон аз ҷумлаи суннатҳои асосии Наврӯз ба шумор меравад»

Март 21, 2017 12:29

ДУШАНБЕ, 21.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшиши гуноҳҳо, навозиши ятимону маъюбон, аёдати калонсолону беморон, хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву ободгарона донаи умед коштан, ниҳолҳои босамар шинонидан, тозаву озода кардани хонаву кошона ва кӯчаву растаҳо, инчунин, либоси тозаи идона ба бар кардан аз ҷумлаи суннатҳои асосии Наврӯз ба шумор мераванд. Ин суханонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар тантанаҳои бошукӯҳи идонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз иброз намуданд.
Бино ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар арафаи таҷлили ин ҷашни бузург бо ташаббуси шахсони ҳимматбаланд, аз ҷумла соҳибкорони бонангу номуси кишвар дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат тавассути бунёди иншооти хурду бузурги истеҳсолӣ ва хизматрасониву тиҷоратӣ ҳазорҳо ҷойи нави корӣ таъсис дода мешаванд.

Март 21, 2017 12:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад