Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон ва бонувон бузургтарин қувва бар зидди терроризм, ифротгароӣ, бегонапарастӣ ва хурофотпарастӣ мебошанд»

Март 8, 2017 08:35

ДУШАНБЕ, 08.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Модарон ва бонувон бузургтарин қувва бар зидди терроризм, ифротгароӣ, бегонапарастӣ ва хурофотпарастӣ мебошанд. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи Модар, ки дирӯз дар Кохи Борбад доир гардид, таъкид намуда, зикр карданд, ки давлату ҳукумат ба қувваи онҳо такя мекунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин иброз намуданд, ки ифротгароӣ ва терроризм ба як зуҳуроти ниҳоят ташвишовар мубаддал ёфтаанд ва ин раванди хатарнок масъулияти модарону бонувонро боз ҳам зиёдтар карда, аз онҳо зиракӣ, ҳушёрӣ, назорати доимии фарзандон ва ба тарбияи онҳо ҷиддӣ машғул шуданро тақозо менамояд.

Пешвои миллат аз модарону бонувон даъват ба амал оварданд, ки аҳли ҷомеа ва фарзандони худро ҷиҳати ҳифзи истиқлолияту озодӣ, амнияти давлатӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ раҳнамоӣ карда, барои бунёди давлати пешрафтаву соҳибтамаддун ва дунявию демократӣ талош варзанд ва номбардори ин Ватану хоки муқаддаси ниёкони хеш бошанд.

Роҳбари давлат ҳамчунин изҳори боварӣ намуданд, ки бонувон ҳамчун офарандаи зиндагиву зебоӣ, бақои меҳру муҳаббат ва чароғи хонадон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон фаъолона ширкат варзида, ба хотири пешрафти давлатамон рисолати созандагии худро бо садоқату устувории модаронаи худ идома медиҳанд.

 

Март 8, 2017 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад