Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» шурӯъ мешавад

Март 30, 2017 12:29

ДУШАНБЕ, 30.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. 2 апели соли равон, соати 10:00 дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз меёбад.
Тавре аз маъмурияти Китобхонаи бачагона хабар доданд, Фестивали имсола ба мавзӯи «Чароғи сулҳ аз нав шуд фурӯзон» бахшида шуда, зимни кушодашавии он дар саҳни Китобхона намоиши китоби «Фурӯғи субҳи доноӣ», хулосаи библиографӣ доир ба намоиш, намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон, намоиш ва фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр, суҳбати наврасон бо адибон, қироати порчаҳои шеърӣ аз ашъори адибон, фотомонтаж-«Лаҳзаҳо аз фестивал», порчаҳо аз намоишномаи Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтак ва порчаҳо аз намоишномаи Сирки давлатии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Март 30, 2017 12:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад