Филмофарӣ: Ин ҷузъи фарҳанг дар вилояти Хатлон рушд меёбад

Март 3, 2017 14:13

ДУШАНБЕ, 03.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар замони соҳибистиқлолӣ соҳаи филмофарии тоҷик бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд меёбад.
Филми «Хаёлӣ», ки дар толори «Кохи Лоҳутӣ»- и шаҳри Қӯрғонтеппа пешкаши сокинони вилоят гардонида шуд, аз ҷониби тамошобинон баҳои баланд гирифт. Бояд ёдовар шуд, ки муаллифи филм Хайрулло Давлатов буда, он дар таҳияи коргардони ҷавон Парвиз Раҷабов филмбардор-таҳиягар Зафари Валӣ, продюссер Исломи Убайдулло, филмбардор Қудратулло Бобоев рӯи навор омадааст.
Аввалин тамошобинони филми мазҳакавии «Хаёлӣ» кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа, ташкилоту муасисаҳои вилоятиву шаҳрӣ ва ҳамчунин омӯзгорону донишҷӯён буданд, ки бо завқи баланд онро тамошо намуданд.
Пас аз тамошои филм муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода чунин зикр намуд: «Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои филмофарони ҷумҳурӣ шароиту имкониятҳои зиёдеро фароҳам овардааст, то ҳунармандон филмҳои дорои мазмуну муҳтавои баланду тарбиявиро рӯи саҳна оваранд. Ин муваффақияти аввалини филмофарони ҷавони вилояти Хатлон аст ва боварӣ дорем чунин филмҳои баландмазмун дар оянда низ рӯи навор меоянд».

Март 3, 2017 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад