Форуми байналмилалии дӯстии ҷавонон оид ба ташаббусҳои байналмилалӣ вобаста ба оби ошомиданӣ доир мегардад

Март 29, 2017 09:59

ДУШАНБЕ, 29.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Кохи афсарон»- и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин Форуми байналмилалии дӯстии ҷавонон дар мавзӯи «Ташаббусҳои байналмилалии Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба оби ошомиданӣ» баргузор мешавад.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд, дар форум мавзӯъҳои марбут ба иқдомҳои наҷибу созандаи Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла Қатъномаи СММ оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 дар кишвар мавриди омӯзиши олимону муҳаққиқони ҷавон, муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, донишҷӯёни хориҷие, ки дар Тоҷикистон таҳсили илм доранд ва намояндагону кормандони ҷавони сафоратхонаҳо, корпусҳои дипломатии муқими кишвар ва ташкилотҳои байналмилалию ширкатҳои хориҷӣ қарор дода мешавад.
Мавзӯъҳои пешниҳодгардида фарогири моҳияти форум буда, барои ҳамкории минбаъда, мубодилаи таҷриба ва устувории дӯстии ҷавонони байни давлатҳо мусоидат менамоянд.

Март 29, 2017 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд