Футболи бонувон дар Рӯзи Модар
ДУШАНБЕ, 09.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии футболбозон бахшида ба Рӯзи Модар бо ширкати дастаҳои футболи занона ба анҷом расид. Дар он футболбоздухтарони шаҳри Душанбе, ки ҳайати асосии дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, ғолиб омаданд.
Шаш даста дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказӣ дар ин мусобиқа ширкат варзид. Аз рӯи тартиби гузаронидани рақобатҳо тимҳо ба ду гурӯҳи иборат аз се дастаӣ ҷудо карда шуданд. Дар гурӯҳи «А» футболбозони ноҳияҳои Носири Хусрав, Фархор ва Норак, дар гурӯҳи «Б» дастаҳои Душанбе-1, Душанбе-2 ва Қӯрғонтеппа бо ҳам қувва озмуданд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа дастаҳои Қӯрғонтеппа ва Фархор барои мақоми сеюм ва Душанбе-1 ва Норак барои Ҷом мубориза бурданд.
Ба духтарони шаҳри Қӯрғонтеппа муяссар гардид, ки дастаи Фархорро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карда, соҳиби ҷои сеюм шаванд. Футболбозони шаҳри Душанбе бар Норак бо нишондоди 10:0 пирӯз шуданд ва Ҷоми мусобиқаро аз худ карданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ ба ҳама дастаҳои ширкаткунанда диплому медалҳо, инчунин туҳфаҳои арзанда аз ҷониби ФФТ супорида шуданд.
Кумитаи ташкилӣ ба бозингарони беҳтарини низ туҳфаҳои худро тақдим кард. Дарвозабон -Адолат Камолова (Қӯрғонтеппа), муҳофизатгар Дилноза Ҳайдарова (Носири Хусрав), нимҳимоятгар- Шабнам Сабзаалиева (Фархор), ҳамлагар- Наргиза Юнусова (Душанбе-2), нишонзани беҳтарин-Мадина Фозилова (Душанбе-1) ва бозингари беҳтарин Сурайё Асророва (Норак) бо туҳфаҳои хотиравӣ сазовор шуданд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






