Густариши робитаҳои муасисаҳои олии вилояти Суғд бо донишгоҳҳои Латвия
ДУШАНБЕ, 14.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории ҳайати намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Латвия бо роҳбарии Вейко Сполитис ба вилояти Суғд бо иштироки панҷ сарвари муассисаҳои олии касбии вилоят дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд меморандуми ҳамкорӣ байни муассисаҳои олии Ҷумҳурии Латвия ва муассисаҳои олии вилоят имзо карда шуд.
Тавре аз донишкадаи мазкур хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот бо сарварони муассисаҳои олии вилоят Вейко Сполитис ва Евгений Грузновс, намояндаи муассисаҳои олии Ҷумҳурии Латвия дар минтақаи Осиё аз сатҳи ҳамкории кишвари Латвия бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуд, ки мо бо таърихи куҳану фарҳангии тоҷикон аз осори гаронмояи академик Бобоҷон Ғафуров ошноӣ пайдо кардаем.
Меҳмонон бо роҳбаладии директори ДПДТТ Дилафрӯз Саидӣ аз ҷараёни таълиму тарбия, ҳолати пойгоҳи техникии Донишкадаи политехникӣ дидан намуда, ба фаъолияти озмоишгоҳҳо, китобхонаву низоми иттилоотии донишкада баҳои баланд доданд.
Вейко Сполитис зимни суҳбат изҳори қаноатмандӣ намуд, ки низоми идоракунии донишкада на дар ҳамаи муассисаҳои олии пешрафтаи ҷаҳонӣ амал мекунад. Номбурда барои равобити густурдаи донишкада бо муассисаҳои олии техникии Ҷумҳурии Латвия таклифҳои мушаххас дод.
Каспарс Клявиниш, доктори илмҳои техникӣ, профессори Донишгоҳи техникии шаҳри Рига аз таҷрибаи пешрафтаи донишкада дар самти навовариҳо гуфт, ки донишкада дар ояндаи наздик метавонад устодони донишкадаро ба Ҷумҳурии Латвия фиристад.
Ёдовар мешавем, ки сафари кории ҳайати Парлумони Ҷумҳурии Латвия дар вилояти Суғд чанд рӯз идома ёфта, онҳо аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва дигар мавзеъҳои таърихии вилоят дидан намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






