Хатлон: Конфронс бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ҚӮРҒОНТЕППА, 09.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 20 -солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи матбуоти тоҷик дар шаҳри Қӯрғонтеппа конфронси илмӣ-амалии вилоятии «Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» баргузор гардид. Дар кори конфронс муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода ва директори Муассисаи давлатии Академияи ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода сухан гуфтанд.
Дар конфронс мавзӯъҳои «Саҳми ВАО-и электронии вилоят дар устувории сулҳу суботи кишвар», «Саҳми муассисаҳои таълимӣ дар омода намудани кадрҳои журналистӣ», «Бозтоби мавзӯи сулҳу субот дар публитсистикаи китобии тоҷик» баррасӣ гардиданд.
Ҳамзамон дар назди ҳозирин муҳаррирои нашрияҳои ноҳиявӣ оид ба проблема ва пешрафти ВАО-и музофотӣ сухан гуфтанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






