Хатлон: вохӯриҳои судманд оид ба пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон
ДУШАНБЕ, 30.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахши ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо миёни ноболиғону ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят оид ба нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мавзӯъҳои ба ҷиноят ва худкушӣ даст задани ноболиғон, нашъа ва зарари он, фаҳмондани иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» суҳбату вохӯриҳо доир намуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, мақсади вохӯриҳо- пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ноболиғон мебошад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






