Хуршед Сатторов: «Матбуот ифодакунандаи афкору эҳсоси ҳамарӯзаи мардум аст»
ХУҶАНД, 10.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. 10 март ба муносибати 105-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки 25 нафар рӯзноманигорону собиқадорони матбуот ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Хуршед Сатторов, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни табрики ҳозирин бо 105-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик гуфт, ки «маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯзҳо дар кишварамон намояндагони рӯзномаҳои давлатию хусусӣ дар шароити хубу фазои озод фаъолият мекунанд. Ин равандро мо дар вилояти Суғд, аз ҷумла ноҳия низ баръало ҳис менамоем».
Мавсуф оид ба эътимоди комил доштани мардум ба рӯзномаву расонаҳои чопӣ баён дошт, ки «матбуот ифодакунандаи афкору эҳсоси ҳамарӯзаи мардум ба шумор рафта, пешбурди ҷомеаи имрӯза бе он имконнопазир аст. Зеро нашру ривоҷи муҳимтарин ҳодисаву воқеот, дастовард ва навигариҳои тамоми соҳаҳо, чӣ бурунмарзиву чӣ хориҷӣ, маҳз бо кӯшишу заҳматҳои рӯзноманигорон ба ҷомеа пешниҳод мегардад».
Дар ҷамъомад аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои ҳамкории қавӣ ба рӯзноманигорон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.








«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад






