Иди аҷдодии Наврӯзро дар Вашингтон таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 23.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА бо дастгирии ҶСШК “Ориёнбонк” ва ҷамъиятҳои тоҷикони муқими ИМА бахшида ба ҷашни Наврӯз ва “Соли ҷавонон дар Тоҷикистон” чорабинии фарҳангӣ барпо намуд. Дар чорабинӣ намояндагони Котиботи давлатии ИМА, корпуси дипломатӣ ва ҳамватанони муқими ИМА ширкат варзиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКХ ҶТ хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки зимни чорабинӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим, Муовини ёвари котиби давлатӣ оид ба умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Даниел Розенблум ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони Ҳавзаи Колумбия, штатҳои Ню Йорк ва Калифорния суханронӣ намуда, ҳозиринро бо иди аҷдодии Наврӯз табрик намуданд.
Инчунин, дар чорабинӣ гӯшаи фарҳангӣ бо гулдӯзиҳои суннатии тоҷикӣ ва бо намоиши ҳафт сину ҳафт шин оро дода шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






