Идигул Қосимзода: «Дар ободу зебо гардонидани гӯшаву канори Тоҷикистон бояд саҳмгузор бошем»

Март 17, 2017 15:12

ДУШАНБЕ, 17.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи кор ба занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода, собиқадори меҳнат Адолат Ҷӯрабоева, намояндаи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазонӣ Давлатов бо собиқадорони меҳнат, фаъолзанон, занони хонанишин ва ҷавондухтарони ҷамоати деҳоти Сешанбеи шаҳри Турсунзода вохӯрданд.
Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, раиси Кумитаи занон оид ба масъалҳои мубрами ҷомеа, тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи созандагиву бунёдкорӣ, ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат нисбат ба ҷавонону занон, пойдории оилаву оиладорӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пос доштани арзишҳои миллӣ ва пешгирии омилҳои ҷинояткорӣ сухан гуфт.
Идигул Қосимзода аҳли толорро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, даъват кард, ки дар ободу зебо гардонидани гӯшаву канори Тоҷикистон ҳар як сокини кишвар бояд саҳмгузор бошад.
«Моро зарур аст аз рӯзҳои мусоиди фасли баҳор истифода намуда, ба ободию хуррамгардонии диёрамон камари ҳиммат бандем ва ҷашни хуҷастаи Наврӯзро дар сатҳи баланд истиқбол гирем».

Март 17, 2017 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд