Имрӯз дар бисёре аз нуқтаҳои сайёра мардумони зиёде аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд

Март 30, 2017 17:33

ДУШАНБЕ, 30.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб таҳти унвони «Об барои рушди устувор» конфронс доир гардид. Дар он масъулини ҳукумати ноҳия, академияи ВКД, роҳбарият ва ҳайати шахсии шуъбаи милитсия иштирок намуданд.
Раҳматулло Саидзода, сардори ШВКД дар ноҳияи Варзоб иброз намуд, ки об дар ҳаёти инсоният аҳамияти калон дорад. Имрӯз дар бисёре аз нуқтаҳои сайёра мардумони зиёде аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ кашида, ба ҳар гуна бемориҳо мубтало мегарданд.
Ҳамчунин муовини раиси ноҳияи Варзоб, Баҳриддин Нозимзода оид ба аҳамияти об дар рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ изҳори андеша намуда, зикр намуд, ки боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки ин навбат низ пешниҳоди наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои марбут ба об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт.
«Умед меравад, ки чорабиниҳое, ки дар доираи ин Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон баргузор мегарданд, бисёр мушкилоти ҳаёти инсониятро вобаста ба оби ошомиданӣ ҳал менамоянд»,- гуфт номбурда.
Меҳрулло Нуруллозода, омӯзгори ҷавони факултети №5-и Академияи ВКД аз ташаббусҳои байналмилалии ҷониби Тоҷикистон дар соҳаи обу муҳити зист ёдовар шуда, иброз намуд, ки бо иқдоми бевоситаи Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор барномаи марбута пешниҳод гардидааст, ки вобаста ба онҳо Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-ро «Соли байналмилалии оби ошомиданӣ», солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», соли 2013-ро «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об» эълон намуд.
Дар ниҳоят 21 декабри соли 2016 Қатъномаи ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028» қабул гардид.

Март 30, 2017 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид