Ҷинояти қатли ҳамсар аз ҷониби шавҳар ошкор гардид
ДУШАНБЕ, 15.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Зимни гузаронидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ марди 62-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, гумонбаршуда 9 марти соли равон, тахминан соати 10:00 дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсари 59-солааш ҷангу ҷанҷол карда, ӯро зери лату кӯб қарор дода, бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст. Сипас, бо мақсади рӯйпуш намудани ҷинояти содирнамуда ба хешовандон ва ҳамсояҳояш гуфтааст, ки гӯё ҳамсараш бинобар бемории фишори хун ногаҳон афтида, ба ҳалокат расидааст. Ҷасади мазкурро 10 марти соли 2017 дафн кардааст.
Тибқи санади ташхиси судӣ дар ҷасади зан аломатҳои марги маҷбурӣ бо тариқи зӯроварӣ дар намуди шикастани қабурғаҳо, изи бастани роҳҳои нафас, хароша ва хунхобравии зиёд муайян ва дарёфт карда шудааст.
«Аз рӯи далели мазкур аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Истаравшан парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад»,-иттилоъ доданд аз Вазорати корҳои дохилӣ.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






