Иштироки Рамазон Раҳимзода дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар заминҳои хоҷагии ёрирасони вилояти Суғд

Март 22, 2017 13:14

ДУШАНБЕ, 22.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода зимни сафари кориаш ба вилояти Суғд, аз заминҳои хоҷагии ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ воқеъ дар деҳаи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуда, дар маъракаи шинонидани дарахтони мевадиҳанда иштирок карданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.
Дар ин ҳашари ниҳолшинонӣ, ҳамчунин роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, сарбозону афсарони қисми низомии 3501-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД фаъолона ширкат варзиданд. Зимни чорабинии мазкур ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои саҳроӣ аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ ба хоҷагиии ёрирасони ВКД дар вилояти Суғд як адад трактори тамғаи «МТЗ-82-1» тақдим карда шуд. Барои ҳашарчиёни маъракаи ниҳолшинонӣ дастархони идонаи наврӯзӣ ороста шуд.

Март 22, 2017 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд