JICA тасмим дорад ба мақомоти гумрук кумакҳои техникӣ ироа созад
ДУШАНБЕ, 06.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ /JICA/ тасмим дорад, ки дар оянда дар доираи Лоиҳаи Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирии Ҳукумати Ҷопон- Лоиҳаи JICA барои идораи пурмаҳсули фаъолияти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Давлати исломии Афғонистон, ба мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти махсуси рентгенӣ ва лавозимоти зарурӣ кумак намояд. Ин матлаб зимни мулоқоти Азим Ҳайдар, муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳидеки Танабе, Роҳбари навтаъйини Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) таъкид гардид.
Аз мақомоти гумруки Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот масоили марбут ба тавсеаи ҳамкории мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ баррасӣ гардид.
Азим Ҳайдар, роҳбари тозатаъйини JICA Ҳидеки Танаберо оид ба фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон ва сатҳи ҳамкории Хадамоти гумрук бо JICA шинос намуд. Зикр гардид, ки мақомоти гумруки Тоҷикистон ҳамкориро бо JICA тавсеа бахшида, ҷиҳати тақвияти он дар бахши омода намудани мутахассисон, табодули таҷриба ва ҷалби кумакҳои техникӣ ҳавасманд мебошад. Дар ин росто Ҳидеки Танабе омодагии худро барои расонидани кумакҳои техникӣ, омӯзиш ва такмили ихтисоси соҳаи гумрукӣ баён намуд.
Ҳамзамон дар мулоқот мусоҳибон оид ба ҳамкории дуҷонибаи судманд, бахусус фаро гирифтани мутахассисони мақомоти гумруки Тоҷикистон барои такмили ихтисос дар мавзӯъҳои «Татбиқи сиёсати гумрукӣ дар сатҳи минтақавӣ» ва «Маъмурикунонии гумрук дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз» табодули назар намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






