Кӯлоб: Маъракаи ниҳолшинонӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз

Март 12, 2017 09:44

КӮЛОБ,  12.03.2017. /АМИТ  «Ховар»/. Баҳри сазовор истиқбол гирифтани 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллй аз оғози соли 2017 дар шаҳри Кӯлоб рӯзҳои истироҳатӣ ҳашарҳои дастаҷамъона ташкил намуда, дар хиёбону гулгашт ва кӯчаю маҳаллаҳо дарахтони оришию сояафкан шинонида мешаванд. Имсол мувофиқи нақшаи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бояд то анҷоми мавсими ниҳолшинонӣ беш аз 40 ҳазор адад ниҳолҳои ороишию сояафкан шинонида шаванд.

Тавре  Саидмурод Исмоилзода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб иттилоъ  дод, кормандони боғи фарҳангу фароғатии шаҳр ба ҳашар баромада, дар гӯшаҳои навбунёди боғ, аз ҷумла дар назди Нишони давлатӣ ниҳолони арча ва гулу буттаҳо шинониданд. Дар дигар қисматҳои боғ гулу буттаҳои ороишии мавсимӣ шинонида мешаванд.

Бо ибтикори мақомоти иҷроия ва соҳибкорзан Гулсунбӣ Иброҳимова дӯкони фурӯши гулҳо ба фаъолият оғоз кард, ки минбаъд сокинон метавонанд барои худ ва пайвандонашон беҳтарин туҳфаро бо нархи арзон дастрас намоянд.

Ҳоло таваҷҷуҳи мардум ба хариди гул хеле зиёд аст ва ин иқдом низ идомаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти ободкорӣ ва ҷалби бекорон ба кори доимӣ мебошад.

Март 12, 2017 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад