Кӯлоб: «Таблиғот тавассути созандагӣ ва бунёдкорӣ» -ҳамоиш
ДУШАНБЕ, 15.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. 13 март дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб бо аъзои Ситоди доимоамалкунандаи таблиғотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Даҳана ва гурӯҳҳои мобилӣ вохӯрӣ доир шуд.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева, раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон Орзу Ҳамидов ва раиси Ситоди таблиғотӣ дар ҳудуди ҷамоат Раҷабалӣ Абдураҳмонов сухан гуфтанд.
Баъд аз вохӯрӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо аъзои Ситоди таблиғотӣ ва гурӯҳҳои мобилӣ дар ҳамоиши ҳизбӣ таҳти шиори «Таблиғот тавассути созандагӣ ва бунёдкорӣ» дар деҳаи Мирапоқ иштирок намуданд.
Дар ин маъракаи дастаҷамъона зиёда аз 100 нафар иштирок намуда, 1200 бех ниҳолҳои мевадиҳандаро дар масоҳати 3 га шинониданд.
Инчунин дар рафти корҳои ободонӣ аз тарафи роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат бармеоянд, мавриди суҳбату фаҳмондадиҳӣ қарор дода шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд






