Китоби «Роҳнамои мусофир оид ба Тоҷикистон» ба забони олмонӣ бознашр мешавад

Март 11, 2017 13:10

ДУШАНБЕ, 11.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Намоишгоҳи ҷаҳонии сайёҳии Берлин-2017 дар гӯшаи Тоҷикистон Маликшо Неъматов, Сафири Тоҷикистон дар Олмон бо хонума Дагмар Шрайбер, ҳаммуалифи китоби «Роҳнамои мусофир оид ба Тоҷикистон» ба забони олмонӣ мулоқот намуд. Д. Шрайбер иброз дошт, ки нашри дуюми китоби мазкур низ дар байни ҳаводорони сайру сайёҳат ба Тоҷикистон хеле хуб пазируфта шуда, тасмим доранд, ки баъди бо маълумоти тозаю аксҳои нав пурра кардани китоб онро бознашр намоянд. Маликшо Неъматов ба Дагмар Шрайбер барои муосидат дар тарғибу ташвиқи имконият ва захираҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Олмон ва Аврупо изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои дастрас намудани маълумоти нав оид ба мавзеъҳои сайёҳии кишвар ба китоби нав иброз намуд.
«Cайёҳе боре дар ёддоштҳои худ чунин нигошта буд: «Ҳама гуна китобчаи роҳнамо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ чун Тоҷикистон ҳанӯз қабл аз роҳ ёфтанаш ба бозорҳо кӯҳна мегардад, зеро ҳаёт дар кишварҳои ин минтақа тағйирёбанда ва дар ҳоли рушд аст»,- зикр кард хонума Шрайбер.
Ёдовар мешавем, ки нашриёти Трешер Ферлаги Олмон (Trescher Verlag) китоби «Роҳнамои мусофир оид ба Тоҷикистон»-ро зери унвони «Тоҷикистон» маротибаи дуюм соли 2016 таҳрир, чоп ва пешкаши ҳаводорони олмонизабон намуда буд. Китоби мазкур дар ҳаҷми 448 саҳифа омода гардида, дар он 282 расми ранга ва 20 харитаи ҷуғрофӣ ҷой дода шудаанд. Ба фарқ аз шумораи якуми он, ки соли 2010 чоп шуда буд, оид ба шаҳри Душанбе, кӯҳҳои Помир ва кӯҳҳои Фон маълумоти бештар гирд оварда шудааст. Дар изҳороти матбуотии нашриёт, аз ҷумла чунин гуфта шудааст: «Тоҷикистон бо кӯҳҳои баланди худ дар доираҳои сайёҳии Аврупо ҳамчун ´Швейтсарияи Осиёи Марказӣ´ ҳисобида мешавад. Роҳнамо дар таҳрири нав ба сайёҳон дар омода намудани сафар ба Тоҷикистон маслиҳатҳои хубу нодир пешниҳод мекунад. Дар ин китоб дар бораи имкониятҳои шабгузаронӣ, хатсайрҳои мавҷуда, имконоти сафар аз як минтақа ба минтақаи дигар ва ҷойҳои дидании кишвар пешниҳоду маслиҳатҳои муфид гирд оварда шудаанд. Китоб ҳамчунин барои нафароне низ тавсия мегардад, ки мехоҳанд сафари фарҳангӣ анҷом диҳанд. Зимни сафар ба Тоҷикистон кас имкон дорад ба фарҳанги давраҳои томасеҳӣ, тобутпарастӣ ва тоисломӣ назар андохта, аз меҳмоннавозии самимии мардуми таҳҷоӣ ва дигар саргузаштҳои ғалатӣ ҳаловат барад».

Март 11, 2017 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад