Китоби «Устод Улуғзода ва ҳамдиёрони ӯ» ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 01.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Китоби тозанашри рӯзноманигор ва тарҷумони варзидаи ҷумҳурӣ Қурбон Мадалиев бо номи «Устод Улуғзода ва ҳамдиёрони ӯ» ба нашр расид.
Китоби мазкур маҷмӯаи очерку суҳбатҳо, гузоришу мақолаҳои публитсистии алоқаманд ба ҳаёту фаъолияти Сотим Улуғзода, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро дар бар гирифта, чанд порае аз ҳаёту фаъолияти ӯ бори аввал рӯи чоп омадаанд.
Муаллифи китоб таъкид месозад, ки маҳз бо эҳтимом ва хидматҳои ин абармард чеҳраҳои барҷастаи таъриху тамаддуни тоҷикон- Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Аҳмади Дониш ба мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ ва фаротар аз он муаррифӣ гашта, асарҳои саҳнавӣ ва филмномаҳои таърихии «Қисмати шоир», «Ибни Сино», «Аллома Адҳам» ва достонҳои алоҳидаи «Шоҳнома» ба хазинаи тиллоии синамо ва театри тоҷик ворид шудаанд.
Дар асар К.Мадалиев ҳамчунин зикр кардааст, ки: «Филмномаву драмаҳои устод Улуғзода мавзӯи худшиносӣ, ҳақталошӣ ва эҳёи хотираи таърихӣ ва ҳимояи Ватану шарафи инсониро таҳким бахшидаанд».








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






