Комилҷон Орипов: «Халқҳои тоҷику ӯзбек яканд, танҳо забонашон дигар аст»
ДУШАНБЕ, 07.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо фармони Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои зарардидагони офатҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки башардӯстона равон кард, ки он имрӯз вориди шаҳри Душанбе шуд.
Ҳайатеро, ки бо ҳамроҳии корвони башардӯстона бо роҳбарии Комилҷон Орипов, муовини якуми Вазири ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон вориди шаҳри Душанбе шуд, Рустам Назарзода, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нураҳмад Аҳмадзода, Директори Агентии давлатии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон ва дигарон ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
«Мо хуб медонем, ки зимистони имсола барои Тоҷикистон хеле вазмин омад ва боридани барфи зиёд боиси харобиҳо гардид. Ба ин хотир вобаста ба муроҷиати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қарор қабул намуд, ки ба кишвари ба мо дӯсти Тоҷикистон ёрии башарӯстона равона кунад. Ин кумаки башардӯстона, ки қариб 70 тонна аст, аз масолеҳи сохтмонӣ, маводи хӯрокӣ, либосворӣ, ангишт ва маводи доруворӣ иборат мебошад. Умедворам он ба қадри имкон метавонад мушкилоти зарардидагонро барорад»,-иброз дошт Шоҳқосим Шоҳисломов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тавре Комилҷон Орипов гуфт: «Халқи тоҷик ва ӯзбек яканд, танҳо забонашон дигар аст. Ин ёрии башардӯстона ва бародаронаи кишвари мо ба Тоҷикистон мебошад. Мо ҳамеша омодаем, ки дар чунин ҳолатҳо ёрии худро расонем».
Рустам Назарзода, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ изҳори сипос намуда, гуфт: «Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар баробари Федератсияи Россия яке аз кишварҳое мебошад, ки барои зарардидагони офатҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии башардӯстона фиристод ва мо онро қабул намудем».


















Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд






