Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Хуҷанд

Март 3, 2017 09:51

ХУҶАНД, 03.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. — «Паём, ҷавонон ва саҳми онҳо дар рушди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа»- таҳти ин унвон дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ  баргузор гардид.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Раёсати донишкада иттилоъ доданд, конфронс бо ташаббуси шуъбаи илм ва инноватсияи донишкада дар партави Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омада,  дар он намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд ширкат варзиданд

Конфронс  бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ гузаронида шуда, дар он аз ҷониби устодону магистрантон ва аспирантон панҷ маърӯзаи илмӣ оид ба  масъалаҳои ҷавонон, Даҳсолаи нави байналмилалӣ оид ба об ва иқтисодиёти мамлакат шунида шуданд.

Дар конфронс, ки дар сатҳи баланди илмӣ ва амалӣ баргузор шуд, таъкид гардид, ки маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба мушкилоти оби нӯшокӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ва ҳалли ин муаммо Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 дар ҷаласаи Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид аз ҷониби 177 давлати ҷаҳон пазируфта шуд.

 

Март 3, 2017 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик