Конфронси илмӣ бахшида ба иди Наврӯз дар Хоруғ
ХОРУҒ, 17.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хоруғ Азатшо Насриддиншоев зимни ифтитоҳи конфронси илмӣ ба таври фишурда дар бораи вижагиҳои хоси иди Наврӯз дар ин ё он манотиқи кишвар ҳарф зада, изҳор дошт, ки «он расму суннат ва анъанаҳои наврӯзие, ки ниёгонамон барои мо ба мерос гузоштаанд, дар ягон мамолики Машриқзамин ба чашм намерасанд. Дар чаҳор гӯшаи Тоҷикистон ин ҷашн бо сад рангу тобиши маънӣ баргузор мегардад ва барои тафсиру таъбирашон шояд соатҳо камӣ мекунад. Дар ҳар яке аз ин расму суннатҳои наврӯзӣ панду андарзҳо ва ҳикматҳои ҷовидонӣ вуҷуд доранд ва агар одамон мутобиқи онҳо амал кунанд, дар зиндагӣ камтар бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд».
Дар конфронс зикр шуд, ки маҳз ҳамин арзишҳои баланди маънавию маърифатӣ умри Наврӯзро то ба 6 ҳазор сол расонданд ва то дунё ҳаст, Наврӯз аз байн нахоҳад рафт.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






