Конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба 105-солагии матбуоти тоҷик
ДУШАНБЕ, 09.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. 10 марти соли равон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба 105-солагии матбуоти тоҷик, 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 20-солагии таъсиси кафедраи журналистикаи телевизиони Донишкада дар мавзӯи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рушди Воситаҳои ахбори омма» баргузор мегардад.
Дар конфронси мазкур аз тамоми донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ҳамчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок менамоянд.
Иштирокчиёни конфронс саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рушди телевизион, омилҳои рушди матбуот дар замони истиқлол, нигоҳе ба таърихи пайдоиши реклама дар Тоҷикистон, модели омодасозии мутахассисони соҳаи журналистикаи телевизион ва вазифагузории Президент дар назди журналистонро муҳокима хоҳанд кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






