Коргардони мусиқии Радиои «ХоварFM» сазовори Ҷоизаи «Суруди сол» гардид!

Март 12, 2017 09:41

ДУШАНБЕ, 12.03.2017./АМИТ «Ховар»/. 5 март дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Суруди сол-2016» баргузор гардид. Ин озмун муддати 10 сол аст, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Қобили хушнудист, ки дар қатори сарояндагони маъруф аз қабили Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Сурайё Қосимова, Нигина Амонқулова, Нигора ва Суруш Холовҳо, Меҳринигори Рустам, гуруҳи «Parem» ва дигарон ҳамкори мо – коргардони мусиқии Радиои «ХоварFM», овозхони ҷавону боистеъдод Соҳиб Назриев низ сазовори Ҷоизаи «Суруди сол-2016» шуд.

Суруди сол-17-00Соҳиб Назриев суруди нави худро бо номи «Бекарорам имшаб», ки ба василаи такмили замонавии суруди машҳури «Дилбарҷон»- и Ҳофизи халқии Тоҷикистон Акашариф Ҷӯраев офаридааст, ба озмун пешниҳод намуда, ғолиб омадааст.

Мавриди зикр аст, ки Озмуни «Суруди сол-2016» дар чанд давра сурат гирифт ва ғолибонро худи тамошобинону шунавандагон тавассути –SMS-паёмакҳо муайян намуданд.

Ин дафъа озмун бо дастгирии ширкати «Ориёно Медиа» баргзор карда шуд. Хотиррасон менамоем, ки дар тӯли фаъолияти худ ин  ширкат дар Душанбе ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистон беш аз 40 лоиҳаи фарҳангӣ, аз ҷумла сафари ҳунарии Театри Калони Москва, консертҳои «Фабрика звезд-3», «Иванушки», «Блестяшие», Лада Дэнс, Владимир Пресняков, Лайло Фуруҳар ва ғайраро  амалӣ намудааст.

 

Март 12, 2017 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад