Кумак ба донишҷӯёни ятиму маъюби Донишгоҳи тиббӣ дар арафаи иди Наврӯз
ДУШАНБЕ, 18.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи иди Наврӯз ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода бо донишҷӯёни ятими кулл ва маъюб вохӯрӣ доир намуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Сарвари донишгоҳ изҳор намуд, ки роҳбарияти донишгоҳ таъмини шароити мусоиди таҳсил, зист ва кумак ба ин табақаи ниёзмандро ҳамеша дар мадди назар қарор медиҳад. Инчунин Г. Маҳмадшоҳ афзуд, ки бо дархости раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи донишгоҳ Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ 96 нафар донишҷӯёни ятими кулл ва маъюбонеро, ки дар Донишгоҳи тиббӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, дар арафаи иди Наврӯз бо кумаки яквақтаи пулӣ таъмин намуд.
Роҳбари донишгоҳ аз донишҷӯён тақозо намуд, ки ҳар як лаҳзаи вақти пурқиматро ғанимат дониста, барои ҳарчи бештар аз худ намудани донишҳои касбӣ аз тамоми воситаю имкониятҳои мавҷуда ба таври самаранок истифода баранд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






