Кумаки Хазинаи глобалӣ ба Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВМНО-и вилояти Суғд
ДУШАНБЕ, 29.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар оғози соли 2017 барои Маркази пешгирӣ ва мубориза бо вируси норасоии масунияти одам (ВМНО)-и вилояти Суғд бо кумаки Хазинаи глобалӣ ба маблағи зиёда аз 167 ҳазору 682 сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ харида шудааст. Дар ин бора аз Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВМНО-и вилояти Суғд ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки дар марказ минбаъд дастгоҳи ташхис бо усули аксуламали занҷири полимеразӣ фаъолият намуда, кори масъулонро дар самти ташхис ва муоинаиву дарёфти гирифторони ВИЧ-СПИД миёни аҳолӣ соддатар менамояд.
«Ҳамчунин аз ҷониби Хазинаи глобалӣ ба маблағи 176 ҳазор сомонӣ дар Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВМНО-и вилояти Суғд анбори захираи маводи доруворӣ сохта шуд ва рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад»,-хабар доданд аз Вазорати тандурустии кишвар.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






