Лағзиши кӯҳпора боиси хароб шудани чаҳор манзил ва долу дарахти сокинони маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ гардид. Касе осеб надидааст

Март 29, 2017 15:31

ХОРУҒ, 29.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Шоми сешанбе, 28 март сангпораҳои  азим аз кӯҳ канда шуданд ва ба самти  маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ ҳаракат карданд. Бо баланд шудани садои сангчарх бошандагони ин  маҳалла зуд манзилҳояшонро тарк намуданд ва  касе аз онҳо осебе надид. Гурӯҳи наҷотбахши ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамроҳи пизишкони равоншинос дар муддати кӯтоҳ ба ҷои ҳодиса расиданд ва ба зарардидагон дар интиқоли молу амвол ба макони амн ва онҳое, ки дар натиҷаи ин офати табиӣ осеби равонӣ дидаанд, мадад  расонданд.

Иҷрокунандаи вазифаи сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоят  Наим Мираков гуфт, ки «дар давоми як ҳафта бар асари боришоти пай дар пай чандин офатҳои табиӣ рух доданд, аммо, хушбахтона, ягон ҳодисаи нохуш дар пай надоштанд. Зеро кормандони мо ба ҳамаи маҳаллаҳои зери хатар сафар доштанд ва аксарияти хонаводаҳоро ба ҷои амн, ба хонаи хешу табор кӯч доданд. Дар ин ҳодиса чор манзил хароб шуданд. Бо супориши раиси вилоят ҳоло аъзои комиссия зарари офати табииро муайян мекунанд ва ба ҳамаи оилаҳо кумак расонда мешавад».

Аъзои комиссия дар баробари маълум кардани мизони хисорот, ҳамчунин боз даҳ оилаи  дигарро, ки  манзилҳояшон зери таҳдиди сангчарх қарор доранд, то мӯътадил шудани вазъи ҳаво ба хонаи наздикон интиқол доданд.

Танҳо дар як ҳафтаи охир бар асари фуромадани тарма ва ҷорӣ шудани селу кӯҳпора зиёда аз 10 хона, ду трактор, садҳо дарахту буттазор хароб гардиданд.

 

Март 29, 2017 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд