М. Шаҳидӣ: «Наврӯз ва мусиқӣ аз ҳам ҷудонашавандаанд»
ДУШАНБЕ, 20.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки кулли мардуми сайёра ба ин ойини воқеан ва моҳиятан фарҳангиву инсонпарварона эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву бедорӣ эътироф менамоянд. Наврӯз, ки дорои сифатҳои инсонпарваронаи некиву накӯкорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад, ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфта, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таҷлил карда мешавад»,
Эмомалӣ Раҳмон
Ба ифтихори Наврӯзи байналмилалӣ мухбири АМИТ «Ховар» бо раиси Бунёди байналмилалии Зиёдулло Шаҳидӣ, муҳаққиқи шинохта Мунира Шаҳидӣ хамсуҳбат гардид.
«Наврӯз иди аҷдодони мо мебошад, ки ба мо ҳамчун мерос боқӣ монда, арҷгузорӣ ба ин ҷашни миллӣ- арҷгузорӣ ба расму оини гузаштагон мебошад. Наврӯз ба худ расму оинҳои гуногун дорад ва аз рӯзгори пешин то ин замон бисёри онҳо ба мо расидаанд. Бахшида ба ин рӯз ман дар яке аз конфронсҳое, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, иштирок намудам. Дар он тамоми муҳаққиқону олимон ва шоирон ширкат варзиданд, ки онҳо бештар масъалаҳои Наврӯз аз назари илмҳои иҷтимоӣ, Наврӯз аз назари экология, расму русуми халқӣ ва бисёр масъалаҳои навро муҳокима намуданд. Аз ин лиҳоз ман ҳам пешниҳод кардам, ки Наврӯз ва мусиқӣ ҳамчун яке аз масъалаҳои илмӣ бардошта шавад. Ва ҳақиқатан ҳам агар ба таърихи Наврӯз назар андозед, мебинед, ки Наврӯз ва мусиқӣ аз ҳам ҷудонашавандаанд. Дар ҳамаи маросимҳои наврӯзӣ ва ҷашнҳои бузурги давлатӣ сурудҳои наврӯзӣ танинандозанд ва мусиқии наврӯзӣ садо медиҳад»,- иброз дошт Мунира Шаҳидӣ.
Раиси Бунёди байналмилалии Зиёдулло Шаҳидӣ зикр кард, ки «имрӯз мо хушбахтем, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ аз тарафи СММ шинохта шудааст ва имрӯз Наврӯз иди ҷаҳонист. Барҳақ дар ҳама кишварҳои дунё, алалхусус дар кишварҳое, ки таърихан ватани Наврӯз буданд, ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомати табиии хеш, бо нишон додани тамоми расму русуми наврӯзӣ таҷлил мешавад. Дар самти ҷаҳонишавии Наврӯз, пеш аз ҳама, саҳми тоҷикон зиёд ба назар мерасад. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки чанд сол пеш аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки Наврӯз чун ҷашни ҷаҳонӣ таҷлил карда шавад ва ин аз тарафи ҷаҳониён бо хушӣ қабул гардид».








«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд






