Маҷаллаи «Бонувони Хатлон» таъсис ёфт

Март 10, 2017 12:02

ДУШАНБЕ, 10.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят маҷаллаи «Бонувони Хатлон» таъсис ёфт, ки аввалин шумораи он дар рӯзҳои ҷашни Рӯзи Модар ва Рӯзи матбуот ба дасти хонандагон расид.

Тавре аз Маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, шумораи нахустини маҷалла бо теъдоди 1000 нусха чоп шуда, дар оянда нашри бештари он дар назар аст.
Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон дар ин маврид зикр кард, ки маҷалла дар инъикоси ҳаёти занони сиёсатмадору муваффақи соҳаи кишоварзию тиҷорат ва занони роҳбари вилоят саҳми сазовор гузошта, ҳамдаму хамрози занон хоҳад гашт.

Март 10, 2017 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад